Фарзонаи Эмомалӣ, духтари 27-солаи президент Эмомалӣ Раҳмон, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мансаб гирифтааст.
Дафтари матбуоти вазорат рӯзи 13-уми август дар як баёнияи камсобиқа гуфт, ӯ сардори раёсате таъйин гашт, ки ислоҳот, ёрии аввалияи пизишкӣ ва беҳдоштӣ ва робитаҳои байнулмилалиро танзим мекунад.
Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии раисҷумҳури Тоҷикистон аст ва пештар хабари издивоҷаш бо писари Юсуф Раҳмон, додситони кулли собиқи Тоҷикистон, расонаӣ гашта буд. Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ рӯзи чоршанбе навишт, ки ӯ як фарзанд дорад, аммо феълан муҷаррад аст.
Вай панҷ сол пеш Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва сипас Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистонро ба поён расондааст.
Намояндагони мухолифон Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз соли 1992 қудратро дар ихтиёр дорад ва борҳо барои монданаш дар ҳукумат ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид кардааст, ба хешутаборбозӣ (непотизм) ва инҳисор (монополия)-и қудрат танқид мекунанд.
Ӯ падари 7 духтар ва 2 писар аст.
Духтараш Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи президент ва писараш Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе ва ҳамзамон раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аст.
Рухшона Эмомалӣ сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолист. Шавҳари ӯ, Шамсулло Соҳибов, дар ҳуҷҷатҳои расмӣ молики чанд ширкати калон зикр шудааст, ки тиҷорати сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои дигарро зери назорат дорад.
Таҳмина Раҳмон, духтари дигари раисҷумҳур, ҳамроҳи шавҳараш Зарифбек Давлатов машғули тиҷоратанд.
Парвина Раҳмонова ширкатеро назорат мекунад, ки ҳамагӣ дар шаш сол бо ёрии робитаҳои сиёсияш ба тоҷири пештози бозори доруи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ширкати "Сифат фарма" аз замони таъсисёбияш дар соли 2017 тендерҳои чандмиллиондолларии давлатиро аз худ мекунад ва шабакаи иборат аз қариб 20 дорухонаро дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, соҳиб аст. Шавҳари ӯ, Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб аст.
Зарина Раҳмон, духтари дигари президент Эмомалӣ Раҳмон, муовини аввали раиси "Ориёнбонк" аст. Раҳбарии “Ориёнбонк”-ро Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисҷумҳур ба уҳда дорад.