Як тасмими “Толибон” сабаб шудааст, ки Тоҷикистон як бозори муҳими содироти ангиштро аз даст бидиҳад. Ин гурӯҳи ҳоким бар Афғонистон аз Душанбе хостааст, барои ҳар тонна ангишти содиротӣ 40 доллар “таърифаи транзитӣ” бипардозад. Хабарро Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар ҷамъи хабарнигорон эълон кард.
“Дар ҷумҳурӣ аз ҳама зиёдтар соли 2022 беш аз 371 ҳазор тонна ангишт содирот шуда буд. Асосан ба Афғонистон ва Покистон. Ҳукумати “Толибон” баъзе намуди механизмҳо, таърифаи транзитӣ ворид кард, ки содироти ангиштро ба мо хеле мушкил гардонд,” – гуфт Шералӣ Кабир.
Ба иттилои ӯ, таърифаи “Толибон” сабаб шудааст, ки содироти ангишт аз 371 ҳазор тоннаи соли 2022 ба 153 ҳазор дар соли 2023 коҳиш ёбад. Ва ин муқаррарот Тоҷикистонро маҷбур кардааст, аз бозорҳо дар Осиёи Ҷанубӣ даст кашида, ба бозорҳои Осиёи Марказӣ рӯ биёрад.
“Ба ин нигоҳ накарда, дар бозори нав – бозори Узбекистон нишондоди хуб дида мешавад. Дар ин нимсола 307 ҳазор тонна содирот кардем, тақрибан ҳамааш, 98 дарсад ба Узбекистон. Бозори Узбекистон барои мо хеле муҳим аст. Қисми зиёди ангиште, ки ба Узбекистон содир мешавад, ба минтақаи ҷануби Узбекистон, ки бо мо ҳамсарҳад ҳастанд, рост меояд,” -- изҳор дошт вазири саноат.
Дар ним соли 2025 истихроҷи ангишт ба 1 миллиону 55 ҳазор тонна расидааст, ки 919 ҳазор тоннаи он то кунун ба фурӯш нарафтааст.
Таърифаи “Толибон” то кунун бекор нашудааст. Вазири саноат мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо бо гурӯҳи ҳоким дар Афғонистон расман дар миён нагузошта, танҳо қисме аз тоҷирон бо маъмурони “Толибон” баъзе роҳҳоро пайдо кардаанд.
Тоҷикистон пас аз бозгашти “Толибон” ба қудрат ҳамкориҳои пайдову пинҳоне бо ин гуруҳ дорад ва дар нимаи аввали соли 2025 бино ба маълумоти расмии ҷониби Тоҷикистон гардиши молу коло миёни ду кишвар ба беш аз 40 миллион доллар расидааст.
Видеоро дар инҷо бинед: