Дар Истаравшан як фозилоби бозмонда аз қарни ҳафтумро ёфтаанд

Қалъаи Муғ, Истаравшан

Бостоншиносони тоҷик дар шаҳри Истаравшан як фозилоб ё низоми обпартоиро ёфтаанд, ки ба бовари онҳо бозмонда аз қарни ҳафтуми милодист. Дар ин бора яке аз ширкатдорони кандуков, меъмор Аминҷон Ҳомидов, хабар додааст.

Хабаргузории “Авесто” аз қавли ӯ навишт, фозилобро, ки ҳазору сесад сол умр дорад, соли 2023 ҳангоми кор бо профессор Раҳим Набиев дар Қалъаи Муғ кашф карданд. Вале дар зери он метавонад лояҳои фарҳангии аз ин ҳам қадимитар нуҳуфта бошад.

Илова бар фозилоб чанд кӯзаи марбут ба асрҳои севум, шашум ва давраҳои қабл аз он низ кашф шудааст.

Бостоншиносон гуфтаанд, як кӯзаи қарни шашум, ки аз бетон сохта ва бо гил пӯшонда шуда буд, мавриди таваҷҷуҳи вижа қарор гирифт. Ба бовари онҳо, ин ёфта сатҳи болои тафаккури муҳандисӣ ва сохтусозро дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза тасдиқ мекунад.

Дар Тоҷикистон ҳар чанд вақт аз ёфтани ёдгориҳои таърихӣ ва нишонаҳои қадимӣ будани қаламрави кишвар хабар медиҳанд. То кунун 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор ва 5500-солагии Саразм дар Панҷакент таҷлил шудааст.