“Тоҷикистон хуб аст, аммо дар кишварҳои дигар ба орзу мерасем”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
12-уми август рӯзи байнулмилалии ҷавонон аст. Дастрасӣ ба таҳсилу касбомӯзӣ, кору даромад ва амнияти иҷтимоӣ аз масъалаҳои мавриди ташвиши ин қишри ҷомеа дар Тоҷикистон гуфта мешавад. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз ҷавонон дар хиёбонҳои Душанбе пурсид, ки дар Тоҷикистон чӣ ояндаеро барои худ мебинанд?