Фоидаи саҳмияҳои "Роғун"-ро кай медиҳанд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Онҳое, ки соли 2010 маҷбурӣ ё довталабона саҳмияҳои "Роғун"-ро харида буданд, ҳанӯз умедворанд, ки рӯзе аз даромади нерӯгоҳ фоидае хоҳанд гирифт. Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, тақсими даромад миёни саҳмдорони "Роғун" танҳо пас аз пурра ба анҷом расидани сохтмони нерӯгоҳ оғоз хоҳад шуд.