Имтиҳони нав барои довталабони шаҳрвандии Русия

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Намунаи имтиҳони хориҷиён барои гирифтани шаҳрвандии Русия нашр шудааст. Дар ин бора хабаргузории “Интерфакс”-и Русия иттилоъ дод. Ба қавли манбаъ, саволҳои имтиҳонҳо аз махзани пинҳонии "Институти федералии ченак ё меъёрҳои педагогии Русия" истифода шуда, баъди муддати кӯтоҳ иваз карда мешаванд.