Дар нимаи аввали соли равон аз ҳама бештар дар ҳукуматҳои маҳаллии Тоҷикистон фасод ё коррупсия ошкор шудааст. Дар ин бора намояндагони Оҷонсии зидди фасод 8-уми август зимни нишасти хабарӣ иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, имсол дар ҳукуматҳои маҳаллӣ 183 ҳолати фасод ошкор шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 32 ҳолат бештар аст.
Мақомот гуфтанд, баъди ҳукуматҳои маҳаллӣ бахши тандурустии кишвар фасодзада аст ва дар ним сол дар ин соҳа 103 ҷинояти вобаста ба коррупсия ошкор шудааст.
Идораҳои кумитаи замин, соҳаи маориф, мақомоти корҳои дохилӣ ва ширкатҳои барқрасон, аз бахшҳои дигаре будааст, ки имсол кормандонашон аз ҳама зиёдтар даст ба фасодкорӣ задаанд.
Фасод, яъне гирифтани пора ва дуздии маблағҳои давлат, аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад. Сокинон борҳо шикоят кардаанд, ки бе додани пора корашон дар идораҳои давлатӣ саривақт анҷом намешавад.