Се кӯдакро аз Русия ба Тоҷикистон фиристодаанд

Акс аз саҳифаи Сафорати Тоҷикистон дар Русия

Се кӯдаки бепарастори тоҷикро рӯзи 9-уми август аз Русия ба Тоҷикистон фиристодаанд. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар додааст.

Ба гузориши Сафорат, фиристодани кӯдакон дар асоси як созишнома миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил анҷом шуд. Аммо мақомот дар бораи ин ноболиғон маълумоти зиёд надодаанд ва рӯшан нест, ки онҳо чигуна дар Русия бепарастор монданд.

Дар акси нашркардаи Сафорати Тоҷикистон дида мешавад, ки кӯдакон камтар аз як сол син доранд.

Қаблан низ кӯдакони бепарастори тоҷикистониро аз Русия ба ватан фиристода буданд. Русия макони кору зиндагии ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон аст.