Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, барои поён додан ба ҷанг дар Украина, Киев ва Маскав бояд бахшҳое аз сарзаминҳои худро вогузор кунанд. Ӯ афзуд, гуфтугӯяш бо президенти Русия Владимир Путин дар ҳамин ҳафта билофосила нишон хоҳад дод, ки оё раҳбари Кремл барои созиш омодагӣ дорад ё не.
“Ин дарвоқеъ як нишаст барои санҷиши вазъ аст. Эҳтимол дар дақиқаи аввал мефаҳмам, ки оё пешрафте имкон дорад ё не," – гуфт Трамп рӯзи 11-уми август дар нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед.
Раисҷумҳури Амрико таъкид кард, ки ба ҳамтои руси худ хоҳад гуфт, “бояд ин ҷангро тамом кунӣ” ва сипас афзуд, “мехоҳам ҳоло ҳолатҳои мумкинро бубинам, шояд ҷаласаро тарк кунам ва бигӯям, муваффақ бошӣ ва ин поёни кор бошад. Шояд ҳам бигӯям, ин мавзуъ қобили ҳал нест.”
Вай ҳамчунин гуфт, билофосила пас аз ин нишаст бо Владимир Зеленский, ҳамтои украинии худ ва раҳбарони аврупоӣ тамос хоҳад гирифт.
Доналд Трамп ёдоварӣ кард, ки созиши сулҳи эҳтимолӣ тасмиме нест, ки Амрико бигирад ва дидори Зеленский ва Путинро меҳвари ҳаллу фасли даргирӣ хонд. Трамп афзуд, "нишасти баъдӣ бо Зеленский ва Путин хоҳад буд, ё Зеленский, Путин ва ман. Агар лозим бошад, ман ҳам онҷо хоҳам буд".
Президенти Амрико пештар дар бораи "табодули қаламрав" суҳбат карда буд, аммо на Русия ва на Украина то кунун тамоюле ба вогузории замин ба унвони бахше аз созиши сулҳ нишон надодаанд. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, "миқдоре вогузории қаламрав анҷом хоҳад шуд... ман медонам, ки аз тариқи Русия ва аз тариқи гуфтугӯ бо ҳама, ба нафъи Украина амал хоҳем кард".
Трамп таъкид кард, ки Русия бахшҳое аз "заминҳои бисёр арзишманди Украинаро ишғол кардааст", вале афзуд, "мо талош хоҳем кард, бахше аз он сарзаминҳоро пас бигирем".
Видео дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Трамп: Русия ва Украина аз баҳри баъзе аз қаламравҳо бигзаранд
Раҳбарони аврупоӣ ва Владимир Зеленский қарор аст пеш аз нишасти рӯзи ҷумъаи Трамп ва Путин дар Аляска бо ӯ гуфтугӯ кунанд. Трамп бо таҳдиди ҷорӣ кардани таърифаҳо алайҳи харидорони нафти Русия сиёсатҳои худро дар баробари Маскав сахттар кардааст. Аммо ҳамчунон дар Аврупо ин бим вуҷуд дорад, ки ӯ ба созише тан диҳад, ки имтиёзҳои бузургеро аз Киев бигирад.
Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 11-уми август гуфт, ки "ҳимоят аз Украина ва фишор бар Русия барои поён додан ба ҷанг ва пешгирӣ аз таҷовузи ояндаи Русия дар Аврупо зарурӣ аст."
Ӯ эълон кард, ки Иттиҳоди Аврупо рӯи нуздаҳумин бастаи таҳримҳо алайҳи Русия кор хоҳад кард ва аз додани ҳар гуна имтиёз ба Русия, ҳушдор дод. Ҳамчунин, Владимир Зеленский рӯзи 11-уми август ҳушдор дод, ки ҳар гуна имтиёз додан ба Русия ин кишварро қонеъ намекунад, ки ҷангро бас кунад ва фишори бештар бар Маскав лозим аст.
Ҳамлаи Русия ба Украина бузургтарин ҷанги заминии Аврупо дар беш аз 50 соли гузашта мебошад ва Украинаро вайрон кардааст. Ин ҷанг ба иқтисоди Русия ҳам зарбаи сахт задааст. Бо наздик шудани замони гуфтугӯи Доналд Трамп ва Владимир Путин, Киев ва Маскав ҳамчунон ба ҳамлаҳо алайҳи якдигар идома медиҳанд.