Дар ҳоле ки мақомоти Эрон бо пайомадҳои даргирии моҳи июн бо Исроил ва Амрико дасту панҷа нарм мекунанд, сиёсатмадори 67-сола Алии Лориҷонӣ ба мақоми дабири Шӯрои амнияти миллии ин кишвар баргашт. Ӯ соли гузашта дар интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон довталаб буд, аммо номзадияш нагузашт. Ҳоло, дар пайи бомбаборонҳои Исроил ва Амрико, ки осебпазириҳои низомии Эронро бармало кард, дар шаклдиҳии сиёсат нақши меҳварӣ ё асосиро ифо хоҳад кард.
Бобаки Дурбегӣ, таҳлилгари сиёсӣ аз Лондон, ба Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, агарчӣ Лориҷонӣ аз мансаб дур ва ба ҳошия ронда шуд, ҳаргиз ба таври пурра аз саҳнаи сиёсӣ ҳазф нашуд.
Ӯ афзуд: “Дар ҷанги дувоздаҳрӯза чанд таҳаввули муҳим рух дод. Яке аз масъалаҳои муҳим, ҳамон тавре ки аз сӯйи мақомот дар расонаҳо барҷаста шуд, муҳосибаи хато аз тавоноиҳои дифоии Эрон буд.”
“Ниёзи фаврӣ ба дигаргунӣ”
Исроил ва Амрико дар моҳи июни имсол ба ҳадафҳои калидии ҳарбӣ ва ҳастаии Эрон зарба зада, Теҳронро дар хиҷолат гузоштанд. Ба назар мерасид, Ҷумҳурии Исломӣ ба дифои босамар аз худ қодир нест. Мақомот ривоятҳои гуногунеро аз мизони зарар ё хисороти расида пешниҳод карда, ин тасаввурро ба вуҷуд оварданд, ки раҳбарии Эрон дучор ҳарҷу марҷ шудааст.
Дурбегӣ гуфт, “бо ин ҳол, масъалаи муҳимтарин дарки ин буд, ки дар замони ҷанг наметавон ба раҳбари олӣ (Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ) эътимод кард. Набудани раҳбарияти Эрон холигии калонеро дар сатҳи болои давлатдорӣ нишон дод. Ҳамаи ин ба ниёзи фаврӣ ба дигаргунӣ ишора мекунад.”
Аз ин нигоҳ, Лориҷонӣ шахси боварбахш ва қодир ба “тасмимгирии мантиқӣ” аст. Вай шахси амалгаро ба назар мерасад ва бо раисҷумҳури Эрон Масъуди Пизишкиён, ки ҷонибдори ислоҳталабон дониста мешавад, ҳамкории зич хоҳад дошт. Аммо ҳар гуна қарор ҳанӯз ҳам бояд аз тарафи Хоманаӣ пазируфта шавад.
Ризо Алиҷонӣ, таҳлилгари эронии сокини Порис (Париж) ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, “то замоне ки Хоманаӣ дар сари низом бошад, фақат мунтазири танзимоти тактикӣ бояд шуд, на мунтазири дигаргунии роҳбурдӣ (стратегӣ).” Вай афзуд: “Ба назар мерасад, нақши Лориҷонӣ мудирияти буҳрон аст, ки шомили мудирияти мусолиҳа низ мешавад."
Алии Лориҷонӣ пеш аз ин, аз соли 2005 то 2007, дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон буд. Сипас то соли 2020 дар мансаби раиси Маҷлис ё порлумони Ҷумҳурии Исломӣ кор кардааст. Ҳангоми дар ин мансаб буданаш бо пуштибонӣ аз созиши ҳастаии Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ дар соли 2015 шуҳрати байнулмилалӣ ёфт.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар маъмурияти аввалаш Иёлоти Муттаҳидаро аз он созиш берун кард. Дар маъмурияти дувуми ӯ Вашингтон дар ҳоли гуфтушунид бо Теҳрон буд, аммо ҳамлаҳои ҳавоии Исроил оғоз ёфт. Гуфтушунид бас шуд ва ҳанӯз аз сар гирифта нашудааст. Теҳрон мегӯяд, ба Вашингтон бовар надорад. Кохи Сафед ин суолро дар миён гузоштааст, ки дар ҳоле ки ба марказҳои ҳастаии Эрон зарар расид, ба гуфтугӯ зарурате ҳаст ё на?
Пас аз низои дувоздаҳрӯза Эрон рӯзи 25-уми июл бо кишварҳои аврупоӣ гуфтушунидро дар мавриди барномаи ҳастаияш идома дод. Кишварҳои аврупоӣ ҳушдор додаанд, ки агар то поёни моҳи август бо Эрон ба созиши ҳастаӣ нарасанд, тамоми таҳримҳои Созмони Милалро алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ бармегардонанд.
Мушовири баландпоя
Алии Лориҷонӣ қабл аз мансабгирӣ дар Шӯрои амнияти миллии кишвараш мушовири баландпояи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар умури ҳастаӣ буд. Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремл, гуфт, ӯ рӯзи 20-уми июл бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар Маскав дидор кард ва “пиромуни бадшавии вазъият дар Ховари Миёна ва барномаи ҳастаии Эрон гап зад”.
Моҳҳо пеш аз даргирӣ бо Исроил ва Иёлоти Муттаҳида, Лориҷонӣ дар телевизиони Эрон ҳушдор дод, ки ҳамла ба Ҷумҳурии Исломӣ эҳтимол ин кишварро ба сохтани силоҳи ҳастаӣ тела диҳад. Аз замони ҳамлаҳо, мақомоти эронӣ аз ишора ба ин мавзуъ худорӣ карда, дар иваз ин масъаларо пеш овардаанд, ки Эрон ба ғанисозии ураниюм идома хоҳад дод. Қудратҳои ғарбӣ онро намепазиранд, зеро Эрон ураниюмро ба мизони бисёр болотаре аз ончи барои як барномаи ҳастаии ғайринизомӣ зарур аст, ғанисозӣ кардааст.
Таъйини Лориҷонӣ ду рӯз пас аз он сурат гирифт, ки Эрон эълом кард, дар ҳоли эҷоди Шӯрои нави дифоъ зери назорати Шӯрои амният аст.